Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳом алайҳи кӯдаки 9-моҳаи покистонӣ лағв шуд


Додраси додгоҳи шаҳри Лоҳури Покистон рӯзи шанбе, 12 апрел, иттиҳом алайҳи як кӯдаки 9-моҳаро, ки дар кӯшиши куштори корманди полис айбдор мешуд, лағв кард. Дар ин бора баъди он тасмим гирифта шуд, ки полис аризаи худро бозхонд.

Бар пояи хабарҳо, Муҳаммад Мусои 9-моҳа ва хешу табораш сӯи кормандони полис, ки ҳамроҳ бо кормандони ширкати маводи сӯхт барои талаби пардохти маблағи газ омда буданд, санг андохтаанд. Ин тифл рӯзи ҷумъа ҳамчунин муҷрим барои ширкат дар баррасии низоъ миёни чанд тан аз пайвандонаш ва кормандони полис ба додгоҳ оварда шуда буд.

Аз ин пеш афсари полисеро, ки кӯдаки 9-моҳаро дар кӯшиши куштор айбдор карда буд, аз тафтиши парванда озод карданд.

Бар пояи қавонини Покистон, ба ҷуз парвандаҳои марбут ба терроризм, алайҳи кӯдакони фақат аз 12-сола боло метавон парвандаи ҷиноӣ боз кард.
XS
SM
MD
LG