Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти "чаҳоргона" дар Брюссел баргузор хоҳад шуд


Мулоқоти "чаҳоргона" оид ба бурунрафт аз бӯҳрони Украина рӯзи 17 апрел дар Брюссел баргузор хоҳад шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар баррасии мушкилоти Украина масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон, вазири умури хориҷии Украина Андрей Дешитса, раҳбари идораи сиёсати берунаи ИМА Ҷон Керрӣ ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ширкат хоҳанд кард.

Аз ин пеш доираҳои дипломатии Иттиҳодияи Аврупо пешниҳоди ҷониби Русия дар мавриди дар мулоқоти Брюссел ширкат кардани намояндагони манотиқи шарқии Украинаро рад карданд. Дар идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо бар ин назаранд, ки Украина мавзӯъи ширкати намояндагонаш дар мулоқот чаҳоргонаро бояд мустақилона ҳал намояд.
XS
SM
MD
LG