Пайвандҳои дастрасӣ

Зархариди хориҷӣ ва ё ватандӯсти рӯ ба Русия?


Андрей Петков бо бинии шикастааш

Андрей Петков бо бинии шикастааш

Ахиран дар телевизионҳои Русия дар иртибот бо ҳаводиси Украина мусоҳибаҳое нашр шуданд, ки дар он ҳамон як шахс ибтидо ҳамчун “зархариди хориҷӣ” ва сониян, ҳамчун “ватандӯсти тарафдори Русия" зуҳур намудааст.

Бо Андрей Петков вохӯред, ӯ ҳамаашро тавзеҳ медиҳад.
Дар гузориши телевизиони НТВ-и Русия Петков ба ҳайси зархариди хориҷие намоиш дода мешавад, ки бо 500 ҳазор евро аз Олмон ба шаҳри Миколаеви Украина барои халалдор намудани назму субот омадааст, вале тасодуфан ҳадафи ҳамлаи Сектори рост қарор гирифта, бо пову бинии шикаста дар бемористон бистарӣ шудааст.
Гузориши НТВ-ро дар ин ҷо пайдо кунед:
http://www.ntv.ru/novosti/895499/

Аммо телевизиони Россия-1 ҳамин шахси маҷрӯҳ-Петковро дар ҳамон утоқи шифохона бо лентаҳои норанҷиву сиёҳ-нишони Георгийи Мусқаддас ва ё рамзи эътирозгарони тарафдори Русия намоиш медиҳад. Ба қавли телевизиони Россия-1 акнун ин марди бечораи чилсола, ки тарафдори Русия асту мавриди ҳамлаи радикалҳо қарор гирифтааст, тӯли ним сол роҳ гашта наметавонад.
Гузориши телевизиони Россия-1-ро дар ин ҷо пайдо кунед:
http://www.vesti.ru/videos?vid=590739

Хуб, то ҳол Канали аввали Русия дар бораи Петков гузорише нашр накардааст, шояд ин шабакаи умумии Русия боя як нақши наве барои ин мард пайдо кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG