Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятсенюк мегӯяд, минтақаҳо ба нируи бештар ниёз доранд


Арсений Ятсенюк
Арсений Ятсенюк
11 апрел Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина дар шаҳри Донетск гуфт, ки минтақаҳои кишвар бояд нируи бештаре дошта бошанд, то дар ин минтақаҳо барои баргузории райпурсӣ дар масъалаҳои муҳим иҷоза дода шавад.

Ятсенюк дар Донетск бо раҳбарони минтақаӣ мулоқот кард, вале аз мулоқот бо эътирозгарон худдорӣ намуд, зеро онҳо биноҳои ҳукуматиро дар маркази шаҳр ба тасарруфи худ даровардаанд.

Эътирозгарон Донетскро “Ҷумҳурии мардумии Донетск” эълон кардаанд. Ятсенюк аз эътирогарон хост, ки биноҳои давлатиро холӣ ва аслиҳаи худро ба мақомот супоранд. Вай гуфт, ки мухолифи истифодаи ниру барои дубора баргардонидани биноҳои давлатӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG