Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазирон бо ҳам мулоқот мекунанд


Дар охири моҳи апрел мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Ҷоомарт Оторбоев-нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам мулоқот ва масъалаҳои марзиро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора Абдураҳмон Маматалиев-муовини нахуствазири Қирғизистон ба матбуот хабар додааст.

Ду ҳафта пеш Маматалиев дар мақоми муовини нахуствазир Тоқон Мамитовро иваз кард. Маматалиев аз ҷиноҳи ҳизбии “Ота Журт” дар порламон намояндагӣ мекунад. Ба гуфтаи ин манбаъ, пеш аз мулоқоти нахуствазирон 15 апрел дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти гурӯҳи кории кумиссиюни байниҳукматӣ баргузор мешавад.

Маматалиев мегӯяд, ки ҳоло ҳукумати Қирғизистон барои ҳали масъалаҳои марзӣ сарчашмаҳои сармоягузориро баррасӣ мекунад. 19 апрел муовинони нахуствазирони ҳар ду ҷониб низ мулоқотеро дар назар доранд. Муовини нахуствазири Қирғизистон хотирнишон кардааст, ки мушкилтарин масъала дар музокироти марзӣ масъалаи роҳи «Кок-Таш-Ақ-Сай-Тамдиқ» хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG