Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лавров: Талошҳои "қонунӣ кардан"-и Украина хотима ёбад


Сергей Лавров

Сергей Лавров

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, бояд ба талошҳо барои “қонунӣ кардан”-и ҳукумати Украина хотима дода шавад, то вазъ дар ин кишвар ба ҳолати оддӣ баргардад. 11 апрел Лавров дар Маскав гуфт, барои Украина зарур аст, ки замонати қонунии мавзеъгирии “бетарафона”-и худро дошта бошад, то бӯҳрони Украина ҳал шавад. Дар ин маврид Лавров мухолифати Русия ба пайвастани Киев ба паймони НАТО-ро таъкид кард.

Лавров ҳамчунин гуфт, ки Русия омода аст ҳафтаи оянда бо Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ва Украина музокироти чаҳорҷониба анҷом диҳад. Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки дар ин музокирот ҳамчунин бояд масъалаҳои энержӣ, аз ҷумла қарзи Украина барои гази Русия, дар дастури рӯзи музокира ворид шавад.

Лавров таъкид кард, ки дар Қонуни иАсосии Украина бояд ислоҳоти бунёдӣ анҷом бигирад, на сатҳӣ.
XS
SM
MD
LG