Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон як имомро ба қатл расонданд


Дар ҷумҳурии мухтори Доғистон як имом ҳадафи тир қарор гирифтааст. Рӯзи ҷумъа пулиси Доғистон гуфт, ки ду марди ниқобпӯш шабона дар ноҳияи Қизил Юрт ба имом Муҳаммад Закариёев ҳамла кардаанд. Имом дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Бозрасон иснтисно намедонанд, ки имомро тундравҳои исломӣ ба ҳалокат расондаанд. Аз солҳо ба ин сӯ Доғистон ба маҳали хушунати тундравҳои исломӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта табдил ёфтааст.

Тундравҳо зуд-зуд кормандони пулис, мақомоти маҳаллӣ ва шахсиятҳои ислоҳоттталаби исломиро ҳадаф қарор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG