Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзиши доллар ба марзи 505 сомонӣ расид


Қурби асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон рӯзи 11-уми апрел гарон шуд ва арзиши 100 доллари амрикоӣ ба марзи 505 сомонӣ расид. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи охир баландшавии арзиши асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ мушоҳида мешавад. Ба ин тартиб, рӯзи 11-уми апрел дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қиммати 100 доллари амрикоӣ ба 505 сомонӣ барои фурӯш ва 503 сомонӣ барои харид муайян шуд. Қурби 100 рубли русӣ, ки рӯзе пеш 13 сомонӣ буд, ҳамакнун рӯзи 11-уми апрел ба 14 сомонӣ ва дар фурӯш 14 сомониву 20 дирам баробар шуд. Арзиши 100 евро, пули кишварҳои аврупоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 692 сомонӣ барои харид ва 695 сомонӣ барои фурӯш муқарар гардид. Аммо нархи асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор аз нархи муайянкардаи Бонки миллӣ хеле тафовут дорад. Аз рӯи нишондоди Бонки миллӣ дар рӯзи 11-уми апрел арзиши 100 доллар ба 483 сомониву 5 дирам ва 100 евро 661 сомониву 86 дирам баробар аст ва 100 рубли русӣ ба 13 сомониву 79 мубодила карда мешавад.
XS
SM
MD
LG