Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, ки то кунун танҳо 5 дарсади раъйи мардум шуморида шудааст, аммо наметавонанд натиҷаи онро эълон кунанд.

Нурмуҳаммади Нур, сухангӯи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки то кунун дар ҳамаи вилоятҳои ин кишвар ҳамагӣ 5 дарсади варақаҳои раъйдиҳӣ шумурда шудааст. Вай илова намудааст, ки комиссия ташош дорад натоиҷи шумориши раъйи мардумро ба зудӣ эълом кунанд.

Ба гуфтаи Нурмуҳаммади Нур, то кунун раъйи 2400 сандуқ шуморида шудааст. Ин дар ҳолест, ки нозирони Иттиҳодия Аврупо аз Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон хоста буданд, пас аз он ки ҳадди ақал 5 дарсади раъйи мардум шуморида шуд, натиҷаҳои онро эълон кунанд. Аммо масъулони интихобот мегӯянд барои эълони натиҷаи интихобот лозим аст дастикам раъйи 20 вилоят шуморида шавад.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 5-уми апрел баргузор шуд ва дар он ҳашт номзад барои ин мақом мубориза бурданд. Тибқи иттилои Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон, натоиҷи аввалия рӯзи 24-уми апрел ва натоиҷи ниҳоӣ рӯзи 14-уми май эълон хоҳанд шуд. Дар сурати ба даври дувум кашидани интихобот, он рӯзи 28-уми баргузор мешавад.

БОЗДОШТИ 262 НАФАР ДАР АРАФАИ ИНТИХОБОТ

Бо вуҷуди он ки интихоботи Афғонистн дар фазои амнтар гузашт, аммо мақомот ин кишвар хабар додаст, ки дар муддати бештар аз як моҳи охир 262 нафарро бо ҷурми ҳамлаҳои интиҳорӣ боздошт кардаанд.

Хабаргузории "Пажвок"-и Афғонистон аз қавли Лутфуллоҳ Машъал, сухангӯи раёсати амнияти миллии Афғонистон навиштааст, ки 262 нафари мусаллаҳ аз гуруҳӯҳои тунрави хориҷро ба хотири халал ворид кардан дар равандаи интихобот аз тарафи нерӯҳои амниятии ин кишвар дар зарфи 40 рӯз боздошт намудаанд.

Ба гуфтаи вай аксари онҳо афғон ва қисме аз шаҳрвандони хориҷӣ будаанд.
Аммо ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон ва созмонҳои ҷаҳонӣ аз раванди интихоботи Афғонистон изҳори қаноатманӣ кардаанд. Бархе ҳам интихоботи 6-уми апрели Афғонистонро як пешрафт дар ҷомеаи ин кишвар арзёбӣ карданд.
Роналд Нюмен, сафири собиқи Амрико дар Кобул дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки интихоботи 6-уми апрел Афғонистон як пешрафти бузург буд.

Роналд Нюмен, ки ҳоло роҳбари Академияи дипломатияи Амрикоро бар дӯш дорад, иброз дошт, «Касоне, ки дар ҳукумати Амрико мегуфтанд, ҳама чиз дар Афғонистон ба сӯи нобудӣ меравад, бояд ба амнияте, ки аз сӯи низомиёни афғон таъмин шуд, бубинанд. Онҳо бояд бингаранд, ки афғонҳо бо вуҷуди хатарҳо, суроғи сандуқҳои раъйдиҳӣ рафтанд. Амрикоиҳо бояд бидонанд, ки дар Афғонистон пешрафт сурат гирифтааст.»

Қабл аз ин Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико баргузории интихоботи Афғонистнро як пирӯзӣ дониста буд.

Нозирони тахмин мекарданд, ки агар ҳудуди 50 дарсади аҳолии соҳиби раъй, ки 12 миллион нафар дониста мешавад дар интихобот иштирок кунанд ин раванд муваффақ хоҳад буд. Аммо бо ширкат беш аз 7 миллион нафар, ки тақрибан 60 дарсади аҳолии соҳиби раъйро ташкил мекунад, баргузории интихоботи Афғонистонро бисёриҳо "муваффақ" донистанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG