Пайвандҳои дастрасӣ

“Шиноварӣ” – чунин ном дорад китобе, ки ба тозагӣ бо тасмими Шӯрои илмии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба табъ расидааст.

Ин аввалин китобест дар бораи шиноварӣ ба забони тоҷикӣ. Муаллифи ин китоб Ҳақназар Бедимоғов, устоди Донишкадаи варзиш ва мураббии варзидаи шиноварӣ, меҳмони барномаи “Ҷаҳони варзиш” буд. Хабарнигори Радиои Озодӣ бо ӯ дар бораи китоби нав ва вазъи кунунии шиноварӣ дар кишвар сӯҳбат кард.

Ҳақназар Бедимоғов зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “китоби “Шиноварӣ” маҳсули меҳнати бисёрсолаи банда мебошад. Китоб барои мураббиёни мактабҳои варзишӣ, донишҷӯёни Коллеҷу Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва он мутахассисоне, ки ба шиноварӣ сару кор доранд, тавсия дода мешавад. Дар ин китоб дар бораи таърих ва пайдоиши шиноварӣ, техникаи иҷрои тарзҳои шиноварӣ маълумоти муфассал дода шудааст. Бояд гуфт, ки мусобиқоти расмӣ то чемпионати ҷаҳону Бозиҳои олимпӣ аз рӯи чаҳор тарзи шиноварӣ баргузор мешаванд. Варзишгарон барои 36 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Дарвоқеъ, аз рӯи теъдоди медалҳо шиноварӣ баъди варзиши сабук дар ҷойи дувум аст. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ҳатман шиновар шомил мешавад. Дар мавриди ба даст наовардани роҳхатҳои олимпӣ дар ин намуд ба Тоҷикистон аз рӯи шиноварӣ квота дода мешавад. ” Ҳақназар Бедимоғов

Ҳақназар Бедимоғов

Дар ҷараёни суҳбат ҷаноби Бедимоғов дар бораи вазъи ин намуди олимпии варзиш дар Тоҷикистон чунин гуфт: “Вазъи шиноварӣ дар кишвари мо чандон хуб нест. Сабабҳо гуногунанд. Вале иллати аз ҳама асосӣ ин хеле кам будани ҳавзҳои шиноварист. Ягона ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ба таҷдиду таъмири асосӣ ниёз дорад. Хурсандиовар аст, ки ду-се соли ахир, баъди мулоқоти варзишгарон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар иншооти нави варзишӣ, аз он ҷумла дар бархе аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳавзҳои шиноварӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Бояд гуфт, ки ҳавзи шиноварии шаҳри Хуҷанд ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ комилан ҷавобгӯ аст. Дар ин ҷо солҳои ахир чандин мусобиқоти ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.”

Ҳақназар Бедимоғов дар бораи омилҳои асосии рушди минбаъдаи шиноварӣ дар кишвар чунин ибрози назар кард: ”Шиноварӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамчун яке аз воситаҳои асоситарини аз ҷиҳати ҷисмонӣ ҳаматарафа инкишоф додани инсон, новобаста ба синну сол, истифода бурда мешавад. Бинобар ин аз хурдсолӣ ба фарзандони худ омӯзондани ҳунари шиноварӣ вазифаи аввалиндараҷаи волидайн, инчунин, давлат мебошад. Шиноварӣ, ҳамчунин, аз тарафи пизишкон барои таҳкими саломатӣ ва муолиҷаи бисёр бемориҳо тавсия дода мешавад. Воқеан, дар замони шӯравӣ шиноварӣ ба барномаи маҷмӯи варзишии ГТО (Ба меҳнат ва мудофиа омодаем!) шомил буд ва аз хурдсолон сар карда, то бузургсолон меъёрҳои муқарраршударо месупурданд. Ба андешаи ман,ин корро бояд азнав эҳё кард.”

Сӯҳбати муфассали хабарнигори Радиои Озодиро бо Ҳақназар Бедимоғов ин ҷо бишнавед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG