Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 10-уми апрел, дар Душанбе дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Ширкати заршӯии “Одина” баста шуд.

Ба ин шартнома Маликшо Неъматов, ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои кишвар ва Қаландаршо Одинаев, раҳбари ширкати заршуии “Одина”, имзо карданд.

Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, ба хабарнигорон гуфт: «Мувофиқи ин шартнома Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Ширкати заршуии “Одина” барои омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия ҳамаҷониба кӯмак хоҳанд кард. Инчунин бар асоси ин шартномаи сеҷониба Ширкати заршуии “Одина” ба ҳафт варзишгари маъруфи кишвар – Расул Боқиев, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Комроншоҳи Устопириён, Расул Абдушарифов (оид ба дзюдо), Искандари Рустам (гуштии озод), Мавзуна Чориева ва Анвар Юнусов (ҳарду - бокс) то Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия ҳар моҳ стипендияи варзишӣ ё идрорпулӣ ба маблағи аз 150 то 250 доллар медиҳад.”

Ҳамзамон шартномаи ҳамкорӣ миёни Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Ширкати заршуии “Одина” ба имзо расид. Бар асоси ин шартнома Ширкати заршуии “Одина” ба ҳайси сарпарасти кулли Ҷоми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи дзюдои кишвар барои баргузории ин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо дар вазни мутлақ, ки моҳи октябр баргузор мешавад, маблағгузорӣ хоҳад кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG