Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикхориҷакор" аз байн рафт


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон фаъолияти корхонаи давлатии «Тоҷикхориҷакор», ки дар Русия бо ҷалби муҳоҷирони корӣ ба кор машғул буд, қатъ кард ва шаҳодатномаҳои хизматии намояндагии онро аз эътибор соқит кард.

Абдулло Қодирӣ, сухангуи хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 10-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки фаъолияти корхонаи «Тоҷикхориҷакор» аз тарафи ҳамин Вазорат соқит карда шуд ва 21 шаҳодатномаи намояндаи он дар шаҳру вилоятҳои Русия бекор карда шуд.

Вай афзуд Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба ҷои «Тоҷикхориҷакор» «Оҷонсии кортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар» таъсис дода шуд, ки минбаъд салоҳият ва вазифаи корхонаи «Тоҷикхориҷакор»-ро ин оҷонсӣ барои бо кор таъмин кардани муҳоҷирони корӣ иҷро хоҳад кард.

Сабаби чунин тағйиротро Абдулло Қодирӣ шарҳ дод, ки дар заминаи тағйироти сохтории ин ниҳод анҷом дода шудааст.
XS
SM
MD
LG