Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Турчинов ба русгароҳо афв пешниҳод кард


Олександр Турчинов
Олександр Турчинов
Олександр Турчинов-раиси ҷумҳури муваққати Украина гуфт, эътирозгарони ҷонибдори Русия, ки биноҳои ҳукуматиро дар шарқи Украина ишғол кардаанд, ба муҷозот кашонда нахоҳанд шуд, агар аслиҳаи худро таслим ва биноҳоро холӣ кунанд.

Турчинов 10 апрел ба намояндагони порламон чунин гуфт: “Ман омодаам онро дар фармони раёсати ҷумҳурӣ нависам”.

Аз 6 апрел ба ин сӯ эътирозгарони ҷонибдори Русия дар шаҳрҳои Луҳанск ва Донетск биноҳои давлатиро ишғол кардаанд.

9 апрел Арсен Аваков-вазири корҳои дохилаи Украина гуфт, ки ду роҳи ҳали масъала вуҷуд дорад: Яке музокирот ва дигарӣ истифода аз ниру ва ҷудоихоҳон, ки ақалиятро ташкил медиҳанд ва хостори муноқиша ҳастанд, аз ҷониби мақомоти Украина бо ниру ҷавоб хоҳанд гирифт”.

Мақомоти Киев ва ҳампаймонҳои онҳо Русияро барои ташкили нооромиҳо дар минтақаҳои шарқӣ, ки бештар русзабонҳо зиндагӣ доранд, муттаҳам мекунанд, то он баҳонае барои тасарруфи қисматҳои бештари Украина аз ҷониби Русия шавад. Вале Русия ин даъворо комилан рад мекунад.
XS
SM
MD
LG