Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қирғизгаз"-ро "Газпром" фурӯ бурд


Алексей Миллер
Алексей Миллер
Ширкати давлатии “Газпром”-и Русия ширкати “Қирғизгаз”-и Қирғизистонро ба ихтиёри худ даровард. 10 апрел Алексей Миллер-раиси ширкати “Газпром” баъд аз имзои қарордод бо ҳукумати Қирғизистон дар Бишкек дар ин бора ба рӯзноманигорон хабар дод.

Миллер ин қарордодро “таърихӣ” номид ва гуфт, ки “Газпром” пурра, яъне 100 дарсади саҳмияҳои “Қирғизгаз”-ро аз Қирғизистон харидааст. Миллер гуфт, номи нави ин ширкат акнун “Газпром-Қирғизистон” хоҳад буд.

Ҳамаи қарзҳои ширкати давлатии Қирғизистон акнун бар дӯши “Газпром” бор мешавад. Ба гуфтаи Миллер, дар Қирғизистон нархи газ барои муштариён поин хоҳад рафт ва ҳамаи барномаҳову тарҳҳо, ба шумули барномаву тарҳҳои иҷтимоӣ, ки бо ширкат иртибот дорад, бо ҷалби ҳукумати Қирғизистон иҷро хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG