Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони пурраи нақби «Истиқлол»-ро Теҳрон ба зимма гирифт


Душанбеву Теҳрон барои сохтмони пурраи нақби «Истиқлол» созишномаи нав имзо карданд. Шамсмуҳаммад Назриев, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар рӯзи 10-уми аперл ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷараёни сафари серӯзаи вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрлло Асоев ба Эрон барои анҷоми пурраи нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расидааст.Зери ин созишнома Хайрлло Асоев ва Аббос Охундӣ, вазири роҳ ва сохтмони шаҳрии Эрон имзо кардаанд.

Бар асоси ин созишнома мутахасисони Эрон нахуст сурохиҳои обгузари нақбро қатъ карда роҳу қисматҳои ҳавогузари онро тармим карда пурра ба истифода хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки баъд аз ба истифода додани нақби «Истиқлол» дар соли 2006, ки аз ҷониби ширкатҳои эронӣ сохтмонаш анҷом шуда буд, мудовим бо пеш омадани мушкилӣ дар роҳи мусофирон монеа эҷод мешуд. Мусофирон аз он шикоят мекунанд, ки бо торик будани дохили нақб, қариб давоми сол пур аз об аст ва фарши роҳ валангор гаштааст, ки боиси сурох шудани чархҳои мошин мегардад. Ҳамчунин чанд маротиба баъд аз анҷоми сохтмон ин нақбро тармим карданд.

Нақби “Истиқлол” 23 марти соли 2006 дар зери гарданаи Анзоб кушоиш ёфт. Сохтмони нақби мазкур, ки дар соли 1989 оғоз ва ба иллати бесарусомониҳои сиёсию иқтисодӣ мутаваққиф шуда буд, дар соли 2003 аз сар гирифта шуд. Барои иҷрои ин тарҳ Эрон 31 миллион доллар ихтисос дода буд, ки 10 миллион доллари он кӯмаки ройгони Эрон ба Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG