Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Янош Ҳерман фиристодаи ИА дар Осиёи Миёна таъин шуд


Янош Ҳерман

Янош Ҳерман

Дипломати маҷористонӣ Янош Ҳерман фиристодаи нави Иттиҳодияи Аврупо (ИА) дар умури Осиёи Миёна таъин шуд. Кэтрин Эштон, масъули сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо, Янош Ҳерманро барои шаш моҳ фиристодаи вижа таъин кард ва қарор аст, ки ӯ билофосила ба кор шурӯъ намояд. Дар як баёнияи матбуотӣ, ки рӯзи чоршанбе, 9 апрел нашр шуд, хонум Эштон гуфтааст, “Ҳерман дипломати ботаҷриба аст ва умедворам, ки бо ӯ дар кори ҷадидаш ҳамкории хуб дошта бошем”.

Янош Ҳерман дар мақоми нав Патрисия Флорро иваз мекунад, ки тайи ду сол фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури Осиёи Миёна буд ва ахиран дар вазорати умури хориҷии Олмон ба фаъолият оғоз кард.

Янош Ҳерман аз ин пеш раҳбари ҳайати Итиҳодияи Аврупо дар Норвегия, дабири вазорати умури хориҷии Маҷористон ва сафири кишвар дар НАТО буд.
XS
SM
MD
LG