Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғайрат Мираҳмадов: «Барои ғалаба мубориза мебарем»


Бозии “Равшан”-и Кӯлоб бо "Ал Сувайқ"-и Умон рӯзи 10-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Пеш аз бозии даври панҷуми Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои «Равшан» ва «Ал Сувайқ» рӯзи 9-уми апрел дар меҳмонхонаи «Asia grand hotel»-и Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Ба суолҳои хабарнигорон раҳбарони ҳарду даста посух доданд.

Ғайрат Мираҳмадов, сармураббии «Равшан», ба хабарнигорон гуфт, «баъди аз даста рафтани якчанд бозигари асосӣ мо қариб ки бе ҳимоятгар мондем. Ҷойи онҳоро бозигарони ҷавони бетаҷриба мегиранд. Бар замми ин дар бозӣ бо «Ал Сувайқ» яке аз бозигарони асосии мо – ҳимоятгар Мӯсо Содиқ, ки ду корти зард гирифтааст, иштирок намекунад. Мутаассифона, мо ба ин бозӣ низ омодагии хуб надидаем. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, барои ғалаба мубориза мебарем.»

Дилшод Шарифов, менеҷери «Равшан», чунин иброз дошт: «Ман дастаро аз ҷиҳати молӣ таъмин карда натавонистам, бинобар ин аризаи истеъфо навиштаам. Минбаъд чунин вазъ тоқатнофарсо аст. Бозӣ бо «Ал Сувайқ» охирин бозиест, ки ман ба ҳайси менеҷери бошгоҳ иштирок мекунам.»
Мусъаб Ал-Саъдӣ, сармураббии «Ал-Сувайқ», дар бораи мушкилоти сафарашон тавассути ҳавопаймо аз Масқат ба Душанбе иттилоъ дода, гуфт, ки онҳо дар фурудгоҳи Дубай дер боз интизори ҳавопаймо шуданд ва дар натиҷа як рӯз дер карданд. Мураббӣ иброз дошт, «вазъи «Ал Сувайқ» аз «Равшан» беҳтар нест. Чаҳор бозигари асосии мо лат хӯрдаанд ва даста муқобили «Равшан» бе ҳамлагар бозӣ мекунад. Мо танҳо барои пирӯзӣ ба Душанбе омадаем. Ҳатто дар мавриди пирӯзӣ дар бозӣ бо «Равшан» мо комилан умеди аз гурӯҳ баромаданро карда наметавонем. Умед ба он мебандем, ки дар бозии имрӯза «Сафо»-и Лубнон бар «Зат Рас»-и Урдун ғолиб меояд ва он гоҳ барои ба даври баъдӣ роҳ ёфтан мо камее бошад ҳам, имкон пайдо мекунем.»

Ёдовар мешавем, ки бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё бозии даври панҷуми Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А» байни «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Ал Сувайқ»-и Умон як рӯз ба таъхир уфтод. Ин бозӣ рӯзи 10-уми апрел дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 15.00 шурӯъ мешавад.

Ба ин бозӣ гурӯҳи ҳакамон аз Мянмар бо раҳбарии Чо Вини 40-сола, довари ФИФА, хидмат мекунанд. Мое Аунг ва Зейн Хан ёварони сардовар мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши Азиз Осимов аз Узбакистон аст. Ҷаясурия Де Силва аз Шри-Ланка комиссари ин бозӣ таъин шудааст.

Ёдовар мешавем, дар бозии аввали ин дастаҳо, ки 25-уми феврал дар Умон барпо гардида буд, “Равшан” аз "Сувайқ” бо ҳисоби 1-3 мағлуб шудааст.

Бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон рӯзи чоршанбеи 9-уми апрел барпо мегардад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «А»
ҶДастаҳоБҒМБТИ
1«Сафо»44005-112
2«Зат Рас»43019-49
3 «Ал Сувайқ»41033-43
4«Равшан»40045-130

Давраи гурӯҳии Ҷоми АФК-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 3-1
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун) – 1-0

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон) -1-0
12-уми март (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон) - 1-2

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун) -2-3
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Сафо» (Лубнон) - 0-1

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон) - 5-1
«Сафо» (Лубнон) - «Ал Сувайқ» (Умон) – 1-0

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)
10-уми апрел (панҷшанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал Сувайқ» (Умон)

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)
XS
SM
MD
LG