Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Левада: Бештари русиягиҳо аз кишвар берун нарафтаанд


Бештари шаҳрвандони Русия боре ҳам аз кишвар берун нарафтаанд. Бар пояи назарсанҷии Маркази Левада, мақараш дар Маскав, ки натиҷааш рӯзи чаҳоршанбе, 9 апрел нашр шуд, каме бештар аз 25 дар сади русиягиҳо шиносномаи хориҷӣ доранд, ки 59 дар сади онҳо сокинони Маскаванд.

Назарсанҷӣ ҳокист, ки 76 дар сади дар пурсиш ширкатнамуда боре ҳам берун аз қаламрави шӯраии собиқ барои анҷоми коре сафар накардаанд. 60 дар сад боре ҳам ба хориҷа барои истироҳат нарафтаанд.

Маркази Левада мегӯяд, фақат 9 дар сад ду ё се бор барои дамгирӣ ба хориҷи Русия рафтанашонро тасдиқ кардаанд. Ин афрод таври мабғъмул аз 25 то 40-солаанд, маълумоти олӣ доранд, бо тиҷорат сару кор доранд ё мутахассис, раҳбар ё корманди ягон ширкатанд.

Ба иттилои Маркази Левада, ду сол пеш фақат 5 дар сади ширкаткунандагони назарсанҷӣ гуфта буданд, ки пайваста барои истироҳат ба хориҷи Русия мераванд.
XS
SM
MD
LG