Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссиюни Аврупо Гурӯҳи мусоидат ба Украинаро таъсис мекунад


Комиссиюни Аврупо рӯзи чоршанбе, 9 апрел, Гурӯҳи мусоидат ба Украинаро таъсис хоҳад дод, ки ҳадафаш ҳамоҳангсозии талошҳо оид ба имдод ба ин кишвар аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо ва дигар ниҳодҳои байнулмилалиласт. Ба созмони нав раиси Идораи Итиҳодияи Аврупо дар умури густариш Штефан Фюле раҳбарӣ мекунад.

Фаъолияти Гурӯҳи мусоидат, қабл аз ҳама, барои эътидоли вазъи иқтисодии Украина ва доир намудани ислоҳот дар кишвар равона хоҳад шуд. Интизор меравад, ки ин кор дар ҳамкории зич бо мақомоти Украина роҳандозӣ шавад.

Гурӯҳи мусоидат ҳамчунин бо Гурҷистон ва Молдавия ҳамкорӣ хоҳад кард - қарор аст, ки ин ду кишвар моҳи июни соли равон Созиш оид ба ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо намоянд.

Аз ин пеш Иттиҳодияи Аврупо эълом дошт, ки солҳои наздик ба хотири кӯмаки молиявӣ ба Украина 11 миллиард евро ҷудо мекунад.
XS
SM
MD
LG