Пайвандҳои дастрасӣ

Тасвиби созишномаи миёни Тоҷикистон ва БАТ ба маблағи $2 милн


Вакилони парлумони Тоҷикистон рӯзи 9-уми апрел созишномаи миёни Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар бораи идоракунии партовҳои маишии шаҳри Турсунзодаро ба тасвиб расонданд. Аз дафтари матбуотии парлумони Тоҷикистон рӯзи 9-уми апрел хабар доданд, ки лоиҳаи мазкурро муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва вакили Маҷлиси намояндагон Шарофиддин Сироҷов, муаррифӣ карда гуфтаанд, ки ин созишном барои ҷудо намудани 2 миллион доллар қарзи имтиёзнок ва пешниҳод намудани грант ба маблағи 2,9 млн доллар аст. Ба гуфтаи манбаъ ин маблағ барои амалӣ намудани лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода» аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба муассисаи коммуналии шаҳри Турсунзода, 60 километрии шарқи Душанюбе равона шудааст. Инчунин тибқи созишнома ҷониби Тоҷикистон дар доираи маблағҳои лоиҳа аз пардохти андозҳо ва боҷҳо барои хариди мол, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ озод карда мешавад. Ҷамолиддин Нуралиев, зимни муаррифии ин лоиҳа гуфтааст, ки мақсади созишномаи мазкур ин ҷудо намудани қарз баҳри насби технологияҳои муосири идоракунии партовҳои маишӣ, усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасоню вазъи санитарӣ ва экологии шаҳри Турсунзода мебошад. Гуфта мешавад амалишавии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода» соли 2014 оғоз ёфта то соли 2016 идома хоҳад ёфт
XS
SM
MD
LG