Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Коммерсант": 107 нафар аз сӯи Брюссел таҳрим хоҳанд шуд


Михаил Леонтиев аз тамошои ин манзараи соҳили баҳр дар Булғористон маҳрум хоҳад шуд

Михаил Леонтиев аз тамошои ин манзараи соҳили баҳр дар Булғористон маҳрум хоҳад шуд

Ба рӯйхати шаҳрвандони Русия, ки Иттиҳодияи Аврупо метавонад алайҳи онҳо таҳримҳои раводидӣ ва молиявӣ ҷорӣ кунад, 107 нафар, аз ҷумла, мансабдорони воломақом ва хабарнигорони маъруф шомил шудаанд. Рӯзномаи “Коммерсант”, чопи Маскав, ки нусхаи ин рӯйхатро дарёфт кардааст, рӯзи чоршанбе, 8 апрел, навиштааст, ки рӯйхат комил нест, яъне Иттиҳодияи Аврупо метавонад ба он афроди навро дохил кунад.

Ба навиштаи рӯзнома, ба рӯйхат панҷ гурӯҳ – аъзои парлумону ҳукумат, аъзои Шӯрои амнияти Русия, ба иттиснои Владимир Путин, Дмитрий Медведев ва Сергей Лавров, мансабдорони воломақоми Хадамоти федеролии амният ва вазорати дифоъ, сармоядорон ва хабарнигорон шомиланд. Дар рӯйхати сармоягузорон ному насабе нест, амvо ба рӯйхати хабарнигороне, ки метавонад мавриди таҳримҳо қарор бигиранд, Михаил Леонтиев, Ирода Зайналова ва Михаил Гусман илова шудаанд.

Ба иттилои “Комерсант”, Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин феҳристи сиёсатмадорони зери таҳрим аз Қримро ҳам таҳия кардааст.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, як рӯз пеш изҳор намуд, ки дар сурати идомаи дахолати Русия ба умури Украина, Вошингтон ва Брюссел алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ карда хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG