Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар бозори Покистон даҳҳо кушта бар ҷой гузошт


Дар канори шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон, рӯзи чоршанбе, 9 апрел бар асари таркиш дар бозор дасти кам 23 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои полис, бомб дохили қуттии меваҳо ҷойгузорӣ шуда буд. Мақомот ҳадс мезананд, ки теъдоди қурбониён шояд афзоиш ёбад.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар ӯҳда нагирифтааст.

Гуфта мешавад, ки ин гуна ҳамлаҳо дар дигар манотиқи Покистон, аз ҷумла, дар шаҳрҳои Пешовар ва Қарочӣ фаровон рӯй медиҳанд ва аммо барои пойтахт ҳодисаи нодир аст.
XS
SM
MD
LG