Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) 15-уми май Рӯзи ягонаи футболи оммавӣ эълон шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар муроҷиатномаи АФК ба унвони созмонҳои миллӣ зикр шудааст, ки бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи футболи осиёӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ ва пешбурди бартарии иҷтимоии футбол барои дувумин бор 15-уми май ҳамчун Рӯзи футболи оммавӣ таҷлил хоҳад шуд.

Аз сабаби он ки 15-уми майи соли равон ба рӯзи панҷшанбе рост меояд, федератсияҳои миллӣ бо салоҳдиди худ метавонанд ин рӯзро панҷшанбе ва ё рӯзҳои истироҳати баъди ин рӯз таҷлил намоянд. Дар баргузории Рӯзи футболи оммавӣ ҳамаи 47 созмоне, ки ба ҳайати АФК дохиланд, ширкат мекунанд.

Бояд гуфт, ки соли 2014 дар Тоҷикистон Соли футболи оммавӣ эълон шудааст. Авохири моҳи март дар Душанбе фестивал ё ҷашнвораи футболи оммавӣ барпо гардид, ки дар он беш аз 250 нафар кӯдакон иштирок карданд. Дар маросими ифтитоҳи Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон Йозеф Блаттер, раиси ФИФА (Иттиҳодияи ҷаҳонии футбол), ширкат дошт. Вай зимни сухарониаш дар ин маросим гуфт, «мо бо ифтихор чунин ташаббусҳоро, ба мисли Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон, ки ба болоравии маъруфияти футбол дар тамоми ҷаҳон саҳми аниқ мегузорад, дастгирӣ мекунем. Муҳим аст, ки чунин ташаббусҳо ба рушди футболи занона таъсири мусбат мерасонанд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG