Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хушбиниҳо аз музокироти ҳастаии Эрон дар Вена


Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар Вена музокироти худро роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон идома медиҳанд. 8 апрел рӯзи дуввуми музокирот буд ва онҳо имкони таҳияи созишномаи доимӣ бо Теҳронро баррасӣ мекунанд. Майкл Мэн-сухангӯи Кэтрин Эштон-масъули сисёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки ҷонибҳо хеле муффассал ва бо назардошти ҷузъиёти мавзӯъ бо ҳам музокира мекунанд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон дар остонаи музокирот изҳори умед кард, ки дар музокироти дурӯзаи Вена ҷонибҳо ба таври кофӣ ба пешрафт ноил хоҳанд шуд. Чунин пешрафт ба ҳайатҳои музокира имкон хоҳад дод, ки то миёнаи моҳи май созишномаи ниҳоӣ дар бораи барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эрон таҳия шавад.
XS
SM
MD
LG