Пайвандҳои дастрасӣ

То анҷоми мӯҳлати пардохти ҳаққи ширкат дар мусобиқаи чемпионати Тоҷикистон дар соли 2014 як рӯз мондааст, аммо дастаҳои «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва “Энергетик”-и Душанбе 40 000 сомонии ҳаққи ширкатро пардохт накардаанд.

Лигаи миллии футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии кишварро байни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2014 тасдиқ кардааст, аммо мегӯянд дастаҳои «Равшан» ва «Энергетик» то ҳол маблағи бозиро пардохт накардаанд.

Алишер Урунов, менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “то имрӯз, 8-уми апрел, ҳашт даста маблағи ҳаққи ширкат дар чемпионати имсолаи футболи Тоҷикистонро пардохт кардаанд. Вале ду даста – “Равшан”-и Кӯлоб ва “Энергетик”-и Душанбе то ҳоло ин маблағро насупурдаанд. Мӯҳлати охирини пардохти маблағ, ки 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, рӯзи 9-уми апрел муқаррар шудааст.”

Дар мусобиқаи имсола даҳ даста иштирок мекунад. Давраи аввали мусобиқа рӯзи шанбеи 12-уми апрел бо ду бозӣ миёни дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа» - «Энергетик» ва «Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» шурӯъ мешавад. Се бозии даври якум рӯзи якшанбеи 13-уми апрел миёни дастаҳои “Хуҷанд» - «Вахш», ССКА «Помир» - «Хайр» ва «Равшан» - «Парвоз” барпо мегардад. Марҳалаи аввали мусобиқа, ки аз даҳ давр иборат аст, 21-уми июн ба охир мерасад.


Тақвими бозиҳои чемпионати ХХIII Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2014
Давраи аввал

Иштирокдорони мусобиқа:

«Равшан» (Кӯлоб)
«Истиқлол» (Душанбе
«Хайр» (Ваҳдат)
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
«Хуҷанд» (Хуҷанд)
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
«Вахш» (Қӯрғонтеппа)
«Энергетик» (Душанбе)
ССКА «Помир» (Душанбе)
«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

Даври 1-ум
12 апрел (шанбе)
Оғози бозиҳо – 16:00
1. «Далерон-Ӯротеппа» - «Энергетик»
2. «Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ»
13 апрел (якшанбе)
Оғози бозиҳо – 16:00
3. «Хуҷанд» - «Вахш»
4. ССКА «Помир» - «Хайр»
5. «Равшан» - «Парвоз»

Даври 2-юм
17 апрел (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – 16:00
6. «Хайр» - «Равшан»
19 апрел (шанбе)
Оғози бозиҳо – 16:00
7. «Энергетик» - «Парвоз»
8. «Вахш» - ССКА «Помир»
9. «Регар-ТадАЗ» - «Хуҷанд»
10. «Далерон-Ӯротеппа» - «Истиқлол»

Ҷоми АФК-2014
Гурӯҳи «А». Даври 6-ум
23 апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)

Даври 3-юм

26 апрел (шанбе)
Оғози бозиҳо – 16:00
11. «Истиқлол» - «Энергетик»
12. «Хуҷанд» - «Далерон-Ӯротеппа»
27 апрел (якшанбе)
Оғози бозиҳо – 16:00
13. ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ»
14. «Парвоз» - «Хайр»
28 апрел (душанбе)
Оғози бозӣ– 16:00
15. «Равшан» - «Вахш»

4 май (якшанбе)
РӮЗИ МУНТАХАБИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Даври 4-ум

10 май (шанбе)
Оғози бозиҳо – 17:00
16. «Истиқлол» - «Хуҷанд»
17. «Вахш» - «Парвоз»
18. «Регар-ТадАЗ» - «Равшан»
11 май (якшанбе)
Оғози бозиҳо – 17:00
19. «Далерон-Ӯротеппа» - ССКА «Помир»
20. «Энергетик» - «Хайр»

Даври 5-ум
17 май (шанбе)
Оғози бозиҳо – 17:00
21. «Хуҷанд» - «Энергетик»
22. ССКА «Помир» - «Истиқлол»
23. «Равшан» - «Далерон-Ӯротеппа»
18 май (якшанбе)
Оғози бозиҳо – 17:00
24. «Парвоз» - «Регар-ТадАЗ»
25. «Хайр» - «Вахш»

Даври 6-ум
24 май (шанбе)
Оғози бозиҳо– 17:00
26. «Энергетик» - «Вахш»
27. «Регар-ТадАЗ» - «Хайр»
28. «Далерон-Ӯротеппа» - «Парвоз»
25 май (якшанбе)
Оғози бозиҳо – 17:00
29. «Истиқлол» - «Равшан»
30. «Хуҷанд» - ССКА «Помир»

29 май (панҷшанбе)
Рӯзи эҳтиётӣ

Даври 7-ум
31 май (шанбе)
Оғози бозиҳо – 17:00
31. ССКА «Помир» - «Энергетик»
32. «Равшан» - «Хуҷанд»
33. «Парвоз» - «Истиқлол»
34. «Хайр» - «Далерон-Ӯротеппа»
35. «Вахш» - «Регар-ТадАЗ»

7 июн (шанбе)
РӮЗИ МУНТАХАБИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН


Даври 8-ум
13 июн (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – 18:00
36. «Энергетик» - «Регар-ТадАЗ»
37. «Далерон-Ӯротеппа» - «Вахш»
14 июн (шанбе)
Оғози бозиҳо – 18:00
38. «Истиқлол» - «Хайр»
39. «Хуҷанд» - «Парвоз»
15 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ – 18:00
40. ССКА «Помир» - Равшан

Даври 9-ум
21 июн (шанбе)
Оғози бозиҳо – 18:00
41. «Равшан» - «Энергетик»
42. «Парвоз» - ССКА «Помир»
43. «Хайр» - «Хуҷанд»
44. «Вахш» - «Истиқлол»
45. «Регар-ТадАЗ» - «Далерон-Ӯротеппа»

Ҷоми Тоҷикистон
Марҳалаи аввал. Бозиҳои аввал
28-29 июн (шанбе - якшанбе)
Оғози бозиҳо – 18:00

Ҷоми Тоҷикистон

Марҳалаи аввал. Бозиҳои ҷавобӣ
2-3 июл (чоршанбе- панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – 17:00

Э
зоҳ: дар мавриди ширкати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии байналмилалии дӯстона бозиҳои даври 7-ум аз 31-уми май ба рӯзи эҳтиётӣ – 29-уми май гузаронида мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG