Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

САҲА гузориши ниҳоии худро дар бораи интихоботи Тоҷикистон ироа мекунад


Дафтари Созмони амнияти ҳамкории Аврупо дар Душанбе оид ба ироаи гузориши инҳоии нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА – (БДИПЧ) барои интихоботи ахири президентии Тоҷикистон як нишасти васеъе бо иштироки намояндагони КМИР, аҳзоби сиёсӣ ва васоити ахбори умум доир мекунад.

Дафтари матуботи намояндагии БДИПЧ-и САҲА рӯзи 8-уми арпрел бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки рӯзи 9 апрел нишасти мазкур баргузор хоҳад шуд, ва дар рӯзномаи он тағйироти ахир дар интихоботҳои маъмурӣ, намояндагии занҳо ва пешниҳод шудани тағийрот ба Қонуни Тоҷикистон дар бораи интихоботи парлумонӣ матраҳ шудааст.

Дар ин нишаст ҳамчунин пешниҳодоти БДИПЧ оид ба интихоботҳои президентӣ ва порлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо баррасӣ хоҳад гашт.
БДИПЧ дар яке аз пешниҳодҳои худ дар робита ба банди 65 қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи президентии кишвар, зикр кардааст, ки «шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии президент пешниҳод гардад», иваз карда шавад.
Масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, ки дар нишасти Дафтари САҲА ширкат хоҳад кард ва дар мавриди пешинҳодоти БДИПЧ - Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА посух хоҳад дод.
Қаблан Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар хулосаи худ таъкид арда буд,ки маъракаи интихоботии президлентии Тоҷикистон бидуни мабоҳиси сиёсӣ, ки барои ба вуҷуд овардани фазои рақобат дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ заруранд, гузаронида шуд.
XS
SM
MD
LG