Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайатҳо дифои зиддиҳавоиро баррасӣ карданд


Рӯзи сешанбе дар Ереван-пойтахти Арманистон аъзои Кумитаи ҳамоҳангии Шӯрои вазирони кишварҳои муштаракулманофеъ роҳҳои такмили дифои зиддиҳавоиро баррасӣ карданд. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати дифои Русия ба матбуот хабар додааст.

Дар ин мулоқот ҳайатҳо аз Арманистону Беларусия, Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Русияву Узбакистон ширкат карданд. Бино ба ин хабар, ҳайатҳо бо моҳияти ҷангҳои ҳавоии нируҳои дифои ҳавоӣ ошно шуданд.
XS
SM
MD
LG