Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи вуруди намояндаи Эрон ба Амрико


Ҳомид Абутолибӣ

Ҳомид Абутолибӣ

Сенати Амрико ба иттифоқи оро қонунеро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он вуруди Ҳомид Абутолибӣ-дипломати эронӣ ба Амрико мамнуъ карда мешавад. Қарор аст вай дар оянда намояндаи Эрон дар СММ таин шавад. Пешнависи ин қонунро барои райдиҳӣ 7 апрел фиристода буданд.

Ҳомид Абуторлибӣ барои даст доштан дар ишғоли сафоратхонаи Амрико дар Теҳрон дар соли 1979 ва ба муддати 444 рӯз дар гаравгонӣ нигоҳ доштани 52 амрикоӣ муттаҳам дониста мешавад.

Абутолибӣ дипломати собиқадор аст ва мегӯяд, ки вай дар ишғоли сафорат ҳеҷ нақше бозӣ накардааст ва фақат байни гаравгонон ва гаравгонгирон тарҷумонӣ кардааст.

Тед Круз-сенатори ҷумҳурихоҳ аз аёлати Техас, ки бо ташаббуси вай пешнависи қонун ба Сенат фиристода шуд, мегӯяд, ки “ин пешниҳод таҳқири барномарезишуда ва бечуну чарои Амрико арзёбӣ мешавад”.

Ин қонунро Маҷлиси Намояндагони Конгресс низ бояд ба тасвиб расонад.
XS
SM
MD
LG