Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Украина аз хатари ҷанги шаҳрвандӣ ҳушдор дод


Русия ба Киев ҳушдор додааст, ки истифодаи ҳар гуна ниру дар шарқи Украина, дар минтақае, ки эътрозгарони ҷонибдори Русия дар чанд шаҳри Украина биноҳои ҳукуматиро ба тасарруфи худ даровардаанд, кишварро ба ҷанги дохилӣ мекашонад.

Дар як эъломия вазорати корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, “Мо даъват мекунем, ки ҳар гуна омодагиҳои низомӣ ба таври фаврӣ қатъ шавад, зеро хатари оғози ҷанги шаҳрвандӣ хеле боло рафтааст”. Ин эъломия баъд аз он пахш шуд, ки вазорати дохилаи Украина гуфт, дар шаҳри Харков амалиёти зиддитеррористӣ ҷараён дорад.

Арсен Аваков-вазири дохилаи Украина гуфт, ки тақрибан 70 нафар “ҷудоиталаб” барои тасарруфи бинои ҳукумати вилоят боздошт шудаанд. Аваков дар сафҳаи Facebook-и худ навиштааст, ки маркази шаҳри Харковро нируҳои дихила муҳосира кардаанд.

Эътирозгарони ҷонибдори Русия дар шаҳрҳои Харкову Луҳанск ва Донетск 6 апрел биноҳои ҳукуматиро забт карданд ва тақозо намуданд, ки барои пайвастан ба Русия райпурсӣ анҷом бигирад.
XS
SM
MD
LG