Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии ҳамкориҳои вазорати умури дохила ва сафорати ИМА


Дар вохӯрии муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Бузмаков бо сафири Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Сюзан Эллиот масъалаҳои ҳакориҳои дуҷониба, баррасӣ шудааст. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохила рӯзи 8–уми апрел хабар доданд, дар ин вохӯрӣ муовини Котиби шӯрои назорати маводи мухаддир Кэрол Перес, ҳамчунин роҳбари шӯъбаи INL-и сафорат Марк Вуд, мушовири масоили ҳуқуқии сафир Тони Андрес ва ҳамоҳангсози лоиҳа Ҷанел Кордо ширкат кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ дар мулоқот Абдураҳмон Бузмаков гуфтааст, ки дар чанд соли ахир ҳамкории сафорати ИМА бо вазорати корҳои дохила таҳким ёфтаааст. Аз ҷумла ба гуфтаи вай тамринҳое, ки бо ташаббуси сафорат барои кормандони вазорат гузаронида шуд, барои баланд бардоштани касбияти кормандон нақши муассир доштааст. Ба гуфтаи манбаъ ҳоло лоиҳаи баланд бардоштани нақши занон дар мақомоти умури дохилӣ дар ҳоли амалӣ шудан аст, ки аз ҷониби ташкилоти «Эмерҷенс-групп» ба роҳ монда шудааст. Хонум Кэрол Перес ҳамчунин аз ҳамкории сатҳи баланди вазорат ва сафорати Амрико изҳори хушнудӣ карда гуфтааст, ки роҳбарони ҳарду ҷониб барои мубориза бар зидди терроризм таваҷҷӯҳи бештар доранд. Сафири ИМА дар Душанбе Сюзан Эллиот гуфтааст, ки ин тарҳҳо ниҳоӣ набуда дар оянда барои тақвияти ҳамкориҳо барномаҳои зиёдеро анҷом хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG