Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонҳои муқими Тоҷикистон бо он, ки аксарият натавонистаанд дар интихоботи раёсатҷумҳурии кишварашон ширкат кунанд, аммо ба ояндаи дурахшони Афғонистон умедворанд ва аз натоиҷи ин маъракаи сиёсӣ интизороти зиёд доранд.

Фарзоли Гулзод, як паноҳандаи афғон, ки соли панҷум аст дар Тоҷикистон ба сар мебарад, рӯзи душанбеи 7--уми апрел аз он изҳори таассуф кард, ки ба далоили амниятӣ натавонист, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар кишвараш иштирок кунад. Аммо Фарзол мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки ширкати мардум дар ин интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон густарда буда ва номзадҳо низ аз чеҳраҳои саршинос ҳастанд, ки ин амр мардумро барои ояндаи кишварашон дилгарм месозад. Ин аст, ки Фарзол умедвор аст, ки натоиҷи интихобот вазъ дар Афғонистонро тағйир медиҳад ва даричаи сабзеро ба рӯйи мардум афғон боз хоҳад кард.

Фарзол, ки дар нооромиҳои Афғонистон наздиконашро аз даст додаву дарду ранҷи зиёдеро пушти сар карда, маҷбур шудааст ба Тоҷикистон фирор кунад мегӯяд, агар ин ҳама интизороти ӯ амалӣ шавад ва билохира дар кишвараш сулҳу суббот пойдор гардад, вай ҳатман ба ватанаш бармегардад: «Афғонистон як кишвари ҷангдидаву дарддида аст ва мо аз раисҷумҳури оянда умед дорем, ки битавонад дар оянда як шахси пуркор, содиқ ва хизматгори мардуми худ бошад. Ҳоло ҳар се номзади матраҳ чеҳраҳои бисёр фаъолу маъруф дар Афғонистон ҳастанд вале агар ман мебудам, ба доктор Абдуллоҳ раъй медодам, чун доктар Абдуллоҳ яке аз ҳамсангарони Аҳмадшоҳи Масъуд буд, нафаре ки бисёр ба мардум хизмат карда буд.»

Албатта аксар афғонҳои муқими Тоҷикистон мисли мусоҳиби мо ояндаи хуби Афғонистонро ба пирӯзии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, собиқ вазири корҳои хориҷии ин кишвар рабт медиҳанд. Онҳо бовар доранд, ки агар дар ин интихобот раъйи мардум бидуни тақаллубкорӣ ба назар гирифта шавад, аксар мардуми афғон ба орзуи худ, яъне ба зиндагии орому осуда дар ватан даст меёбанд.

Ҳоҷӣ Хонмаҳмад Фурутан, як соҳибкори афғон дар Тоҷикистон мегӯяд, «ояндаи Афғонистон иншоаллоҳ дурахшон аст. Мардум орзу дорад, ки кор кунанд ва зиндагии хубе дар ватан дошта бошад. Дар сурате, ки барио мардум заминаи корӣ фароҳам шаваду соҳиби кор шаванд, тиҷорат пеш равад, саноат пеш равад, мардум ҳам аз ҷанг даст мекашад ва ҳама масруфи кору бори худ мешавад.»

Зимнан, Ҳоҷихонмаҳмад Фурӯтан аз ҷумлаи афғонҳои муқими Тоҷикистон аст, ки тавонистааст, то ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон биравад ва дар яке аз марокизи раъйдиҳӣ дар Бандари Шерхон раъйи худро ба номзади мавриди назараш бидиҳад.

Ба иттилои масъулони сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, барои афғонҳои муқими Тоҷикистон имконияти раъйдиҳӣ фароҳам нашуда буд ва афғонҳои алоқаманд бо убури марз дар наздиктарин марказҳои раъй пои сандуқҳои райъ рафтанд. Бо он ки масъулони сафорати Афғонистон низ аз натоиҷи интихоботи кишварашон интизороти зиёде доранд, аммо мегӯянд, беҳтар буд, то пас аз интихобот шароит барои бозгашти муҳоҷирон ба ватан фароҳам гардад.

Бежани Салҷуқӣ, як масъули сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфт, «номзадҳо ҳам ваъда додаанд, ки заминасозӣ мекунем то муҳоҷирон биёянд, чун муҳоҷирини Афғонистон барои кишвари худ бисёр муҳиманд ва онҳо як нерӯи башарии бисёр зиёде ҳастанд ва Афғонистон ба онҳо ниёзманд аст, фақат муҳим ин аст, ки мо барои онҳо ҷою заминаи кор мусоид кунем ва ваъда шуд, ки дар атрофии Афғонистон, дар деҳот заминаҳои корӣ бештар фароҳам шавад, то ҳама ба минтақаҳои худ баргарданду масруфи кор шаванд.»

Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор муҳоҷири афғон ба сар мебаранд ва аксари онҳо дар ноҳияи Ваҳдат ва шаҳри Душанбе кору зиндагӣ дорад. Гурӯҳе соҳиби тиҷорати хурду бузурганд ва гуруҳи дигаре дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Зимнан, раванди муҳоҷирати афғонҳо ба Тоҷикистон дар даҳаи 1990-ум, пас аз касби истиқлоли ин кишвар, густариш ёфт. Аммо бо шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон дар солҳои 2000-ум ин раванд бештар авҷ гирифт. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказист, ки қабули паноҳҷӯёни афғонро рад намекунад.

Паноҳандагони афғон аксаран Тоҷикистонро ба ҳайси "трамплин" барои интиқол ба кишвари севум истифода мебаранду зиндагии шоистаи худро дар кишварҳои Аврупо мебинанд. Аммо Бурҳониддини Олимӣ, ки 20 сол боз бо хонаводааш дар Тоҷикистон ба сар мебарад, мегӯяд, аз зиндагиаш дар ин кишвар ва муносибати мардуми ҳамзабонаш розӣ аст. «Мардум ин ҷо бо мо муносибати дӯстона доранд, ҳамзабон ҳастем ва дар ин маврид мушкиле надорем.»

Аммо бо вуҷуд ин, ӯ ва даҳо ҳазор атбои афғони дигар орзу доранд, то интихобот барои онҳо шароити фароҳаме барои бозгашт ва рафтуои озод ба кишварашонро фароҳам орад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG