Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони Душанбеву Суғд қаҳрамонҳои нави гуштии юнониву румӣ


Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ дар Душанбе беш аз 100 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат дошт.

Мусобиқаи мазкур дар 8 вазн рӯзҳои 6-7-уми апрел баргузор шуд. Дар панҷ вазн паҳлавонони Душанбе ва дар се вазн гуштигирони вилояти Суғд ҷойҳои аввалро касб карда, ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуданд: 59 кг - Азизбеки Шарифзода (Душанбе-1); 66 кг - Нуъмон Ризоев (Суғд-2); 71 кг - Некрӯз Мирхоҷаев (Душанбе-3); 75 кг - Нурулло Ҳасанов (Душанбе-3); 80 кг - Далер Каримов (Суғд-2); 85 кг - Манучеҳр Аллаев (Душанбе-1); 98 кг - Ҳабибулло Абдуллоев (Душанбе-1); 130 кг - Муродҷон Тӯйчиев (Суғд-1).

Ба иттилои Баҳром Орифов, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии юнониву румии Тоҷикистон, аз рӯи натоиҷи мусобиқаи қаҳрамонии кишвар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ташкил ёфта, дар чемпионати Осиё, ки рӯзҳои 23–27-уми апрел дар Остонаи Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG