Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол 6300 зоири тоҷикро 130 нафар роҳбаладӣ мекунанд


Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон озмуни роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2014”-ро, ки 25-уми декабри соли гузашта эълон дошта буд натиҷагирӣ кард. Афшин Муқимов, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 7-уми апрел бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки мувофиқи натиҷаи озмуни мазкур, имсол тақрибан 130 нафар роҳбалад дар мавсими ҳаҷ ба зоирони тоҷик хизмат мерасонад. Ба гуфтаи Муқимов ба ҳар 45-50 ҳоҷӣ як роҳбалад рост меояд. Аз рӯи натиҷаи озмун синну соли роҳбаладон аз 25 то 60 солро дар бар гирифта, донандаи забони арабӣ мебошанд. Яке аз шартҳои озмуни ин буд, ки роҳбалад ҳади ақал як маротиба ҳаҷ кардабошад, то аз масокини ҳаҷ огоҳӣ дошта бошанд. Дар ин озмун 250 нафар довталабон ширкат кардааст, ки аз миёни онҳо 130 нафар интихоб шудааст.

Гуфта мешавад имсол аз Тоҷикистон ҳудуди 6 300 нафар ба зиёрати Хонаи Худо хоҳанд рафт.
XS
SM
MD
LG