Пайвандҳои дастрасӣ

Ду афсари амниятӣ боздошт шуданд


Муҷассамаи Павлюк дар Бишкек

Муҷассамаи Павлюк дар Бишкек

Ду афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар робита бо куштори як рӯзноманигор боздошт шудаанд. Рӯзи душанбе намояндагони Додситонии Кулли Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ду афсарро рӯзи шанбе боздошт кардаанд. Муфаттишон дар Қазоқистони ҳамсоя ин ду нафарро гумонбар ном бурдаанд, вале номи афсаронро эълон накардаанд.

Геннадий Павлюк-рӯзноманигори рустабори Қиғизистон баъд аз чанд рӯзи партофта шуданаш аз тирезаи биное дар Алмаато дар соли 2009 ба ҳалокат расид. Дасту пойҳои вай баста буданд. Хешовандони Павлюк ва рӯзноманигорон мегӯянд, ки куштори вай ангезаи сисёсӣ дорад, зеро Павлюк ба ҷунбиши зидди Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури вақт пайваста буд.

Як афсари пешини хадамоти амниятӣ ва ду шаҳрванди Қазоқистон барои даст доштан дар куштори Павлюк гунаҳгор дониста шуданд ва соли 2011 ҳукми зиндон гирифтанд.
XS
SM
MD
LG