Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии Австралия садоеро аз зери об сабт кардааст


Як мақоми давлати Австралия, ки ҷустуҷӯи ҳавопаймои бедаракшудаи ширкати ҳавоии Малайзияро раҳбарӣ мекунад, мегӯяд, ки як киштии Австралия садои якзайлеро аз зери оби уқёнус сабт кардааст, ки ба садои сандуқи сиёҳи сабти парвози ҳавопаймоҳо шабоҳат дорад.

Ангус Ҳюстон ин садоро “хеле ташвиқкунанда” арзёбӣ кард. Вале вай гуфт, барои таъйиди ин садоҳо чанд рӯз зарур аст, то санҷида шавад, ки воқаен ҳам ин садо аз “сандуқи сиёҳ”-и парвози 370 аст.

Ба гуфтаи вай, бояд ҷои садо дақиқ муайян карда шавад, сипас барои ҷустуҷӯи он таҷҳизоти мустақили зериобӣ фиристода мешавад. Ҳавопаймои ширкати ҳавоии Малайзия бо 239 нафар сарнишин 8 март ҳангоми парвоз аз Куала Лампури Малайзия ба Пекин бедарак шуд.
XS
SM
MD
LG