Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи "ҷиян"-и сарвазири пешин Оқил Оқилов


Имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мурофиаи ниҳоии як сокини ноҳияи Ваҳдат, ки худро «ҷиян»-и нахуствазири пешини Тоҷикистон муаррифӣ намуда, маблағҳои сокинонро барои фиристодани ҳаҷҷ ба ҷайб мезадааст, баргузор мешавад.

Оятулло Саидов, сокини ноҳияи Ваҳдат дар 20 километрии шарқи Душанбе, ки бо қаллобӣ мутаҳам дониста мешавад, худро ҷияни сарвазири пешини Тоҷикистон Оқил Оқилов муаррафӣ намуда, ба боварии мардум даромада ва аз 15 нафар барои ба ҳаҷ фиристонидани онҳо маблағ гирифта, ба ҷайби худ задааст.

Мавлудхон Салихов, вакили мудофеъ имрӯз ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки Оятулло Саидов бо моддаҳои 247 қисми 2 банди “а” (қаллобии дубора), 247 қисми “б” (қаллобие, ки аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ), 339 қисми 2 (тасарруф ё вайрон кардани хуҷҷат, штамп, мӯҳр) бар асоси Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста мешавад

Аммо яке аз ҷабрдидаҳо ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ӯро Оятулло ба ҳайси ҷияни сарвазир, ки гӯё Оқил Оқилов «падархонд»-и вай будааст, муаррифӣ кардааст ва онҳо бовар кардаанду пули худро ба дасти вай додаанд, ки масъалаи ба ҳаҷҷ рафтани ӯро дуруст кунад. Вале Оятулло маблағро гирифта нопадид мешавад.

Дар моҳи майи соли 2013 Оятулло Саидов ба шаҳрванд Ибодулло Холов ваъда медиҳад, ки падараш Раҷаб Холов ва модараш Гулнисо Холоваро ба ҳаҷҷ мефиристад. Барои ин Оятулло барои иҷрои хизмати худ аз вай 8 ҳазору 200 доллари амрикоӣ мегирад ва ғайб мезанад.

Зимнан, вакил мудофеъ Мавлудхон Салиҳов мегӯяд, ки Оятулло Саидови 35-сола (1979) сокини шаҳри Ваҳдат, деҳаи Ҷангалобод, ҷамоати Гулистони қаблан 6 маротиба бо моддаи 247 кодекси ҷиноӣ Тоҷикистон маҳкум шуда будааст.

Бо истифода аз ҳамин «роҳ», ки вай ҷиняи сарвазир Оқил Оқилов мебошад, боз аз 15 нафар сокинони кӯчаи Овули шаҳри Душанбе маблағҳои зиёдеро гирифта, ғайб мезанад.

Имрӯз дар мурофиаи ниҳоӣ дар назар аст айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои муҷозоти Оятулло Саидов талаби худро ироа кунад.
XS
SM
MD
LG