Пайвандҳои дастрасӣ

Темур Раҳимов, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон дар Твери Русия медали тилло ба даст овард.

Дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 5-6-уми апрел дар шаҳри Твери Русия баргузор шуд, 302 варзишгар (писарону духтарони солҳои таваллудашон 1997-1999) аз 23 кишвар иштирок карданд. Мусобиқа таҳти сарпарастии Иттиҳоди дзюдои Аврупо ва дастгирии Вазорати варзиш ва Федератсияи дзюдои Русия, ичунин ҳукумати вилояти Твер баргузор шуд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 21 дзюдочии наврас, аз он ҷумла ду духтар, инчунин, се мураббӣ аз макотиби варзишӣ ва бошгоҳҳои Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамъиятҳои тоҷикони Твер ва Иркутск дохил буданд.

Паҳлавони ҷавони тоҷик Темур Раҳимов баъди ду пирӯзӣ бар Кебан Николай (Молдова) ва Иван Тачков (Русия), дар даври ниманиҳоӣ бар Акош Жоо (Маҷористон) ва дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Дамир Салюков (Русия) дастболо шуд. Ёдовар мешавем, Темур Раҳимов моҳи марти соли равон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1997-1999 дар Туркия медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Дар Ҷоми Аврупо дар Твер дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 13 медали тилло, 11 нуқра ва 23 биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Маҷористон бо касби як медали тилло ва ду медали биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мунтахаби Тоҷикистон, ки як нишони тилло (инчунин 2 ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум) гирифт, мақоми севумро соҳиб шуд. Мунтахаби Украина бо як медали тилло ҷойи чаҳорумро азони худ кард.

Баъди анҷоми мусобиқот гуштигирони наврас дар ҷамъомади серӯзаи таълимиву тамринӣ, ки аз 7-ум то 9-уми апрел дар Твер барпо мегардад, иштирок мекунанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:
Писарон
-50 кг

1. СИМЕОНИДИС Константин (Русия)
2. ЗАБОЛОТНИЙ Рустам (Русия)
3. АХАРОН Алон (Исроил)
3. ГАРЧУ Олег (Русия)
-55 кг
1. АЧМИЗОВ Казбек (Русия)
2. АЛБОГАЧИЕВ Тоҳир (Русия)
3. БЛИЕВ Аюб (Русия)
3. ИСМОИЛОВ Азер (Русия)
-60 кг
1. ПАПИКЯН Севак (Русия)
2. ШАНИ Офек (Исроил)
3. БЕДНАРСКИЙ Савелий (Русия)
3. ХОҶАЛИЕВ Аюб (Русия)
5.ШАЙХУДДИНОВ Соир (Тоҷикистон)
-66 кг
1. ЧАСИГОВ Исмоил (Русия)
2. БУЛАТОВ Никита (Русия)
3. МАТТ Наим (Швейтсария)
3. СТУМП Нилс (Швейтсария)
-73 кг
1. НУРАЛИЕВ Ботир (Русия)
2. САНГАИПОВ Исроил (Русия)
3. КАЛАЕВ Алим (Русия)
3. ҲАМЗА Дидор (Қазоқистон)
-81кг
1. ТЕПКАЕВ Турпал (Русия)
2. РАМАЗОНОВ Заур (Русия)
3. АННЕНКОВ Максим (Русия)
3. МУТАЛИЕВ Адам-Ҳоҷӣ (Русия)
-90 кг
1. КОТСОЕВ Зелим (Украина)
2. АБДУЛЛОЕВ Анор (Русия)
3. АНАНИН Глеб (Русия)
3. КУЗГОВ Магомедрасул (Русия)
+90 кг
1. РАҲИМОВ Темур (Тоҷикистон)
2. САЛЮКОВ Дамир (Русия)
3. ЖОО Акош (Маҷористон)
3. КАИТОВ Кемал (Русия)
5.МАҶИДОВ Хуршед (Тоҷикистон)
Духтарон
-40 кг

1. БИКБОВА Аида (Русия)
2. НАУАТБЕК Оқмарал (Қазоқистон)
3. РЯБОВА Алина (Русия)
3. СЕРГЕЕВА Алина (Русия)
-44 кг
1. ОГАРКОВА Юлия (Русия)
2. ИВАНОВА Екатерина (Русия))
3. ГАРИФУЛЛИНА Карина (Русия)
3. КЕЛДИЁРОВА Диора (Узбакистон)
-48 кг
1. ТУРЧЕВА Анастасия (Русия)
2. КАРЧАЕВА Аида (Қазоқистон)
3. ДОЛГИХ Екатерина (Русия)
3. МУХУНОВА Марина (Русия)
7. ҚАРЧИЕВА Шукрона (Тоҷикистон)
-52 кг
1. ШИЛОВА Кристина (Русия)
2. ШРАЙНЕР Маргарита (Русия)
3. МОЛЯКОВА Наталя (Русия)
3. МАТАТОВА Софя (Русия)
-57 кг
1. ГРИЗЛОВА Мария (Русия)
2. НАГУЧЕВА Данна (Русия)
3. ИВАНОВА Ксения (Русия)
3. ВЕТТЕРЛИ Гиоя (Швейтсария)
-63 кг
1. ЛОРИНК Рената (Маҷористон)
2. КУКА Лориана (Швейтсария)
3. КОЛЯДЕНКОВА Анастасия (Русия)
3. СУНЖЕВИЧ Ивана (Черногория)
-70 кг
1. ТАЙМАЗОВА Мадина(Русия)
2. ШУТ Карина (Беларус)
3. БЛИНКОВА Екатерина (Русия)
3. БОНДАРЕНКО Валерия (Русия)
+70 кг
1. БУКРЕЕВА Марина (Русия)
2. ГУШИНА Анна (Русия)
3. ПИРОГОВА София (Русия)
3. СЖИГЕТВАРИ Мерседес Рената (Маҷористон)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG