Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Самӣ Юсуф аз зебоиҳои Тоҷикистон


Рӯзи 4 апрел дар толори Крокус Ситии Маскав консерти овозхони маъруфи таронаҳои исломӣ Самӣ Юсуф доир шуд. Дар ин консерт мухлисони тоҷики ин овозхон низ ҳузур доштаанд. Самӣ Юсуф қабл аз консерт ба раҳбари хабаргузории "Тоҷинфо" Ғуфрон Ваҳҳобов бо тавсиф аз Тоҷикистон чунин гуфтааст: "Тоҷикистон дар радифи кишварҳои дигари форсизабон як кишвари ба таври ҳайратовар зебову рангин аст. Нафаре ки аз ин кишвари кӯҳистонӣ дидан крада бошад, пурра идрок мекунад, ки табиати зебо чисту меҳмоннавозии шарқӣ ва софдилии мардум чист. Ман кишвари шуморо дӯст медорам6 забони форсиро дӯст медорам ва пайваста мекушам, ки форсиам беҳтар шавад. Ин забон ба таври ҳайротовар ғанист ва зебоияш дар ҳамин ғановаташ аст."
Самӣ Юсуф дар чорчӯби барномаҳои консертиаш дар Маскав дар натиҷагирии озмуни расмҳои кӯдакони имконоти ҷисмониашон маҳдуд низ ширкат кардааст. Дар ин озмуни Сандуқи "Возрождение" наққошиҳои 350 кӯдак аз 8 кишвар ба маърази тамошо ва қазоват гузошта шуда буд.
XS
SM
MD
LG