Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустаборҳо бинои вилояти Донетскро тасарруф карданд


Тақрибан 30 тан аз фаъолони пуштибони аз Русия рӯзи якшанбе, 6 апрел, ба бинои ҳукумати вилояти Донетски Украина ворид шуда, дар он навиштаҷоти “Ҷумҳурии Донетск” ва се парчами Русияро насб карданд. Аз ин пеш тақрибан 2 ҳазор нафар дар канори бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, хостори баргузории раъйпурсӣ оид ба мақоми вилояти Донетск шуданд.

Дар Луганск, ки низ дар шарқи Украина воқеъ аст, садҳо тан аз эътирозгарон бинои Раёсати вилояти Хадамоти амнияти Украинаро тасарруф намуданд. Намоиши русгароҳо бо талаби баргузлории раъйпурсӣ дар шаҳри Харков ҳам доир гардид.

Намоишҳо дар ҳоле мегузаранд, ки ба иттилои Киев дар марзҳои Украина аз 10 то 15 ҳазор низомиёни рус мустақар шудаанд.
XS
SM
MD
LG