Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳюстон: Сигнал аз қаъри уқёнус шояд аз Боинг-777 бошад


Мақомоти Австралия рӯзи якшанбе, 6 апрел, ба он минтақаи Уқёнуси Ҳинд, ки сигналҳои эҳтимолӣ аз “қуттиҳои сиёҳ”-и Боинг- 777-и нопадидшудаи ширкати ҳавопаймоии Малайзия сабт шудаанд, киштиҳо ва ҳавопаймоҳои хадамоти ҷустуҷӯиро фиристод. Ангус Ҳюстон, раҳбари маркази ҳамоҳангсозии ҷустуҷӯ, мегӯяд, ҳадафи асосӣ он аст, ки ба ҳавопаймои нопадидшуда тааллуқ доштан ё надоштани ин сигналҳо ҳарчӣ зудтар муқаррар карда шавад. Ӯ ҳадс зад, ки ин сигнал метавонад аз Боинг-777 бошад.

Рӯзи шанбе як киштии чиноӣ, ки дар ҷустуҷӯи Боинг-777 ширкат дорад, дар Уқёнуси Ҳинд тайи 90 сония сигнали амсоли сигнали мавҷҳои “қуттиҳои сиёҳ”-и ҳавопаймои гумшударо сабт кард. Як рӯз аз ин пеш ҳам чиноиҳо ин гуна сигналро дарёфт карда буданд.

Боинг-777 бо 239 мусофир шоми рӯзи 7 март баъд аз ду соати парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Куала-Лумпур аз экранҳои радарҳо нопадид шуд. Ҳавопаймо бояд субҳи 8 март дар фурудгоҳи шаҳри Пекин фуруд меомад.

Айни ҳол амалиёти ҷустуҷӯ дар бахши ҷанубии Уқёнуси Ҳинд, дар ғарби Австралия идома дорад. Қаблан Ангус Ҳюстон амалиёти ҷустуҷӯи Боинг-777-ро мушкилтарин дар солҳои ахир номида ҳадс зада буда, ки ин амалиёт шояд боз чанд ҳафтаи дигар идома кунад.
XS
SM
MD
LG