Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар бенизомиҳо дар Заътарӣ даҳҳо кас осеб диданд


Қароргоҳи паноҳандагон дар Заътарӣ

Қароргоҳи паноҳандагон дар Заътарӣ

Бар асари бенизомиҳо дар қароргоҳи паноҳандагони суриягӣ дар Заътарӣ, воқеъ дар шимоли Урдун, беш аз 20 тан аз кормандони полис ба бемористон интиқол дода шуданд. Мақомот хабари бар асари ин ҳодиса ба ҳалокат расидани як тан аз фирориёнро рад мекунанд.

Бар пояи иттилои расмӣ, бенизомиҳо дар Заътарӣ баъди он шурӯъ шуданд, ки кормандони полис чанд суриягиро бо иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба қароргоҳи паноҳандагон боздошт карданд. Аммо паноҳандагон мегӯянд, бархӯрд бар асари он сар зад, ки як корманди полис бо мошинаш кӯдакеро пахш кард ва кӯдак ҷароҳатҳои сангин бардошт. Фирориён ҳамчунин хабари расмии бар асари бенизомиҳо осеб дидани се паноҳандаро рад карда мегӯянд, ки шумораи ҷароҳатбардоштагон хело зиёд аст.

Дар қароргоҳи Заътарӣ даҳҳо суриягиҳое ба сар мебаранд, ки бар асари ҷанг дар кишварашон дар Урдун панаҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG