Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон вақти райдиҳӣ як соат тамдид шуд


Мақомоти интихоботии Афғонистон мегӯянд, ки ба сабаби ширкати зиёди мардум дар райдиҳӣ вақти райдиҳӣ як соати дигар илова хоҳад шуд. Боронҳои шадид дар баъзе ҷойҳо аз як сӯ ва аз сӯи дигар ширкати фаъоли райдиҳандагон чунин заруратро пеш овардааст. Акнун қарор аст ба ҷои 16:30 ҳавзаҳои рай соати 17:30 ба вақти Тоҷикистон баста шаванд.

Баъд аз райдиҳӣ, Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз ҳамдиёрони худ хост, ки бо вуҷуди борону ҳавои сард ва таҳдидҳои амниятӣ ба қитъаҳои рай бираванд ва дар интихобот ширкат ҷӯянд.

Дар ин интихобот барои ишғоли курсии Ҳомид Карзай 8 номзад ба мубориза пардохтаанд. Карзай ду давр раиси ҷумҳур интихоб шуд ва акнун тибқи қонун ҳақ надорад бори севвум худро номзад кунад.

Мақомот мегӯянд, ки барои таъмини амнияти интихобот 350 ҳазор нафар ниру сафарбар шудаанд. Толибон дар остонаи интихобот эълон карданд, ки интихоботро ба ҳам мезананд.

Интиқоли қудрат аз як раиси ҷумҳур ба раиси ҷумҳури дигар дар ҳоле сурат мегирад, ки аксари нируҳои ғарбӣ Афғонистонро тарк мекунанд.
XS
SM
MD
LG