Пайвандҳои дастрасӣ

Аслов ва Абдилдаев дар Маскав мулоқот карданд


Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

4 апрел дар Маскав дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои муштаракулманофеъ бо дархости ҷониби Қирғизистон мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев-вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизисмтон баргузор шуд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабаре ба нашр расондааст ва ин мулоқотро дӯстона арзёбӣ кардааст.

Баъд аз тирандозиҳои марзии 11 январи соли ҷорӣ миёни ду кишвар ин нахустин мулоқоти вазирони хориҷаи ду кишвар аст. Дар хабари сафорат омадааст, ҳар ду ҷониб дар бораи “масъалахои муносиботи дучониба, аз ҷумла баҳсҳои марзӣ бар он назар будаанд, ки чунин баҳсҳо бояд дар фазои эътимод ва боварӣ бигзаранд ва ҳалли худро ёбанд”.

Ҷонибҳо бар ин ақидаанд, ки “бояд иртибот ва рафтуомади мардумони минтақаи наздисарҳадӣ бемамониат аз ҳарду ҷониб таъмин карда шавад”.
XS
SM
MD
LG