Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи телефонии Ҷо Байден ва Арсений Ятсенюк


Ҷо Баййден

Ҷо Баййден

Рӯзи ҷумъа Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико бо Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина гӯфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Дар ҷараёни ин сӯҳбат Байден нахуствазирро бо тавофуқоти ба дастомадаи Украина ва Сандуқи Байналмиллалии Пул дар мавриди таъмини суботи иқтисоди Украина табрик гуфт.

Дар ин бора Кохи Сафеди Амрико эъломияе ба нашр расонд ва дар он гуфта мешавад, ки ҳар чӣ зудтар тавофуқоти ниҳоии дуҷониба ба имзо расад ва ҳампаймонҳои хориҷӣ аз Украина ҳимояти молӣ кунанд. Аз ҷумла Амрико 1 миллиард доллар қарз дар ихтиёри Украина хоҳад гузошт.

Ҷо Байден таваҷҷуҳро бештар ба амнияти энержии Украина ҷалб кард ва қавл дод, ки бо Украина ва кишварҳои дигари Аврупо тамоси наздик хоҳанд дошт, то манобеи энержӣ чун аслиҳаи сисёсӣ истифода нашавад.
XS
SM
MD
LG