Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадамҳои нахустини ҳамкории Амрико ва Эрон


Ширкати ҳавопаймосозии Boeing (Боинг) мегӯяд, ки аз вазорати молияи Амрико барои содироти қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳои парвозҳои тиҷоратии Эрон муҷаввиз дарёфт кардааст. Ширкат рӯзи ҷумъа гуфт, ки ин муҷаввиз барои таъмини амнияти парвозҳо дода шудааст.

Ҳамчунин рӯзи ҷумъа ширкати General Electric гуфт, ки барои омӯзиши ҳолати 18 мотори ҳавопаймо, ки дар охири солҳои 1970 ба Эрон фурӯхта шуда буд, аз Амрико иҷоза гирифтааст. Омӯзиши ҳолати моторҳо ё дар ширкати General Electric ва ё дар дар Олмон дар ширкати MTU Aero Engines анҷом мегирад.

Аз соли 1979 ба ин сӯ, яъне аз замони инқилоби исломӣ дар Эрон бори аввал чунин қадамҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои ҳавоии Амрико ва Эрон бардошта мешавад.

Ин қадамҳо дар чаҳорчӯбаи мувофиқатномаҳои муваққатии давраи гузор дар баҳсҳои ҳастаии миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ бардошта мешавад. Мувофиқатномаи мазкур моҳи ноябри соли гузашта имзо шуда буд ва бар асоси он дар давоми шаш моҳ таҳримҳои зидди Эронро сабуктар мекунанд.
XS
SM
MD
LG