Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Г.Одинаева: "Аз сарнавишти муҳоҷирон нигаронам"


Гулчеҳра Одинаева солҳои 2000-ум, замоне, ки бо оилааш дар ҷустуҷӯи кори беҳтаре барои ҳамсараш тоза ба Русия кӯч баст, шояд ҳеҷ фикр намекард, ки рӯзе ба унвони як сардабири нашрияи русӣ метавонад ба узвияти Палатаи ҷамъиятии вилояти Маскав шомил шавад.

Ҳоло ҷамъоварии овозҳо ба фоидаи номзадҳо идома дорад ва раъйдиҳӣ моҳи май анҷом мешавад ва Гулчеҳра умедвор аст, ки дастболо шуда, ҳатман як шахсияти тасмимгирандаи муҳиме хоҳад шуд. Палатаи ҷамъиятии Русия як ниҳоди миёнарави байни ҳукумат ва аҳоливу созмонҳои ҷамъиятист, ки ҳарфи дили мардумро ба мақомот мерасонад. Дар сӯҳбате бо радиои "Озодӣ" аз маҳалли кораш дар ноҳияи Луховетскии вилояти Маскав, Гулчеҳра Одинаева чунин гуфт:

Гулчеҳра Одинаева 44 сол дошта, баъди хатми факултаи филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба касби рӯзноманигорӣ рӯ овард. Солҳои 1990-ум танҳо бародараш аз дасти силоҳбадастон кушта шуд. То замони тарки Тоҷикистон карданаш дар шабакаи телевизиони байналмилалии «Мир» кор кард, вале ба хотири кори ҳамсараш тасмим гирифт, ҳамроҳаш доимӣ ба Маскав кӯчад. Соҳиби се фарзанд аст.

Ҳамсараш Сӯҳроб корманди ширкати тиҷоратӣ буда, худи Гулчеҳра дар нашрияи «Луховитские вести» дар мақоми сардабир кор мекунад ва ҳоло шаҳрванди Русия аст. Як дафъа узви палатаи ҷамъиятии вилояти Маскав буда, дар ҳалли масоили иҷтимоии маҳаллӣ ва дар тамоси аҳолӣ бо мақомоти вилояти Маскав ширкат кардааст. Гулчеҳра мегӯяд, яке аз масоили мавриди нигаронии ӯ, ба унвони як узви ҷомеаи Русия, ин сарнавишти муҳоҷирони тоҷик аст, ки хеле зиёд дучори мушкилот мешаванд.

Солона беш аз 1 миллион сокини Тоҷикистон бо ҳадафи кору дарёфти рӯзӣ ба Русия мераванд, аксари онҳо ҷавонҳои бетаҷрибаву камсавод буда, барои кори ҷисмониву сохтмон ҷалб мешаванд. Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, масоили мисли надонистани забони русӣ, мушкили таҳияи ҳуқуқии санадҳо ва тасаввуроти фарҳангиву иҷтимоӣ дар бораи зиндагӣ дар Русия боиси эҷоди мушкили зиёди муҳоҷирон дар мулки бегона мешавад. Дар ҳолатҳои кам, муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар Русия аз рӯи ихтисоси худ кор карда соҳиби кору манзил ва шароити мусоиди зиндагӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG