Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзҳои Украина низомиёни рус мустақаранд


Дар марзҳои ин кишвар аз 10 то 15 ҳазор низомиёни рус мустақар шудаанд. Дар ин бора рӯзи ҷумъа рӯзномаи “Украинская правда” бо такя ба муовини аввали нахуствазири Украина Виталий Ярема хабар дод. Ба гуфтаи мансабдори украин, бахши аъзами низомиёни рус дар марзи миёни Украина ва ҷумҳурии Соҳили Днестри Молдавия ҷойгиранд.

Виталий Ярема ҳамчунин изҳороти вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар мавриди пурра аз нимҷазираи Қрим берун шудани низомиёни украиниро рад кард ва гуфт, ки то ҳол 400 афсару сарбоз интизори интиқол ёфтан ба дигар манотиқи Украинаанд..

Аз ин пеш Сергей Шойгу хабар дода буд, ки беш аз 8 ҳазор низомиёни украинӣ хостори хизмат дар артиши Русия шудаанд ва интизори дарёфти шиносномаи русиянд.
XS
SM
MD
LG