Пайвандҳои дастрасӣ

Мулло Ҳайдар: "Онҳое, ки ба ҷанги Сурия мераванд, ба 4 китоби Худованд муқобил мебароянд"


Уламои исломии Кӯлоб аз ширкати ҷавонони ин шаҳр дар ҷангҳои Сурия изҳори нигаронӣ карданд.

Уламои исломии Кӯлоб аз ширкати ҷавонони ин шаҳр дар ҷангҳои Сурия бо ташкили як ҷаласа изҳори нигаронӣ намуданд. Ин нишаст дар ҳоле баргузор шуд, ки хабари кушта шудани Бахтиёр Шеров, сокини маҳаллаи нӯҳуми Кӯлоб ва моҳе пеш хабари кушта шудани ду ҷавони дигари сокини ин шаҳр дар ҷангҳои Сурия расонаӣ шуд. Ҳамчунин, дар ин охирҳо Баҳриддин Мӯъминов, сокини ноҳияи Восеъ барои ширкат ва Давлат Чолов, бародари қумандони маъруфи даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Сурия боздошт шуданд.

Мулло Ҳайдар Шарифзода, сархатиби масҷиди марказии Кӯлоб бо ишора ба ширкати ҷавонони сокини Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия гуфт, “ин идда гумроҳ шудаанд ва бо роҳи шайтонӣ рафтанд”. Ӯ гуфт, ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурия хилофи ақидаҳои исломӣ аст:

"Ҳамаи инҳо аҳли кинаанд. Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.) фармудаанд, ки ҳар касе, ки дар қалбаш кина дорад, ӯ дин надорад. Ӯ мансуб ба ягон дин нест. Рафтори онҳо ба чаҳор китобе, ки Худованд фиристодааст, мувофиқ нест. Сиёсати давлат аст, ки пеши роҳро мегирад, вагарна инҳо дар ҳамин ҷо хеста чӣ корҳое намекунанд", - гуфт ӯ.

Хабарҳо дар бораи пайвастани чанд сокини ҷавони Кӯлоб ба сафи ҷангиёни Сурия дар ҳоле мерасанд, ки минтақаи Кӯлоб ҳанӯз дар 20 соли пеш муқобили исломгароён зери чатри Фронти халқии пуштибони ҳукумат меҷангиданд. Вале ҳоло, мегӯянд таҳлилгарон, бо афзоиши ақоиди мазҳабӣ дар ҷомеа, дидгоҳи мардуми Кӯлоб ҳам тағйир ёфтааст.

Саидиброҳими Назар, аз нахустин аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз минтақаи Кӯлоб мегӯяд, воқеан, дидгоҳи мардуми Кӯлоб он дидгоҳе нест, ки 20 соли пеш доштанд, тавофут дорад. Айни замон, ба гуфтаи ӯ, пайвастани ҷавонони Кӯлоб ба сафи гурӯҳҳои тундрави хориҷӣ сабаби хоси худро дорад:
"Мардуми Кӯлоб то ҷое, ки мешиносам, дар ҳар роҳе, ки мераванд, хеле содиқанд. Аммо дар айни замон зудбовару ҳассосанд. Вақте ки имон меоранд, имони софу поку беолоиш доранд. Гурӯҳҳое ҳастанд, ки аз ин истифода мекунанд, ки “вақте ту мусулмон ҳастӣ, биё, ҷиҳод кун, мутаасифона, ҷавонон он тарафи сикка, яъне он тарафи қазияро намедонанд, ки об дар осиёби кӣ мерезад. Ин ҷо бояд донишмандон, уламои исломӣ кор баранд ва дар баробари дониши исломӣ, дониши сиёсии ҷавононро низ боло баранд, ки воқеиятро дарк кунанд ва аз ширкат дар чунин қазияҳо дурӣ биҷӯянд".

Аммо Низом Баротов, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бар ин назар аст, ки нодорӣ ва сатҳи пасти зиндагӣ ҷавононро аз Кӯлоб то Сурия мебарад. Ӯ аз шунидаҳои худ мегӯяд, дар Русия гурӯҳҳое ҳаст, ки ҷавонони эҳтиёҷманду нодорро, ки ҳамаи дарҳои даромад ба рӯяшон баста шудааст, ҷустуҷӯ мекунанд. Ингуна ҷавонон ба гуфтаи Баротов ба ҳама кор розӣ мешаванд: "Ин ҷо гап сари пули зиёд аст. Ҷавонони нодору камбизоат бештар ҷалб мешаванд ва ба ин кор гурӯҳҳои махсус дар Русия сару кор доранд. Дигар онҳо дилашон аз ҳама чиз мондааст ва андешае ҳам намекунанд, ки аз он тараф зинда меоянд ё не. Пулро барои хонаводаҳояшон мегиранду мераванд.»

Аммо Саидиброҳими Назар, узви Ҳизби наҳзати исломӣ масъалаи пулиро дуюмдараҷа медонад: "Масълаи пулӣ ҳаст, вале таъсири дуюмдараҷа дорад. Агар ягон инсон бидонад, ки он ҷо кори баде ҳаст, бо ҳеҷ пуле ӯро бурда намешавад. Аввал ӯро мӯътақид мекунанд, ки “ту ҷиҳод меравӣ, кушта шудӣ, шаҳид мешавӣ”, “ту муҷоҳид ҳастӣ” ва болои ин барояш пуле ваъда бидиҳанд, он гаҳ ҳавасманд мешавад. Аммо хеле кам аст, ки як нафар танҳо барои пул ба Сурия биравад".

Хабари ҳалокати ҷавонони минтақаи Кӯлоб дар Сурия дар ҳоле нашр мешавад, ки намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ мегӯянд, 90 дар сади ҷавононе, ки дар кишварҳои исломӣ қарор доштанд, ба ватан баргардонида шуданд ва ҳоло тибқи рӯйхатҳо, ҳеҷ ҷавоне дар Сурия қарор надорад. Онҳо бар ин назаранд, ки ҷавонон аз тариқи Русия ба Сурия мераванд, аз ин рӯ, мисле, ки бо Бахтиёр Шеров шоҳид шуданд, наздиконашон фикр мекунанд, ки фарзандашон дар муҳоҷири меҳнатӣ қарор дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG