Пайвандҳои дастрасӣ

СНГ умедвор аст, ки Украина дар ҳайати ин созмон мемонад


Рӯзи ҷумъа бо дархости Киев раҳбарии давраии Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд ба Минск вогузор шуд.


Рӯзи 4 апрел дар Маскав раҳбари сиёсати хориҷии Белорус Владимир Макей гуфт, ки кишвараш розӣ шуд баъди рад шудани раҳбарии давраии СНГ аз ҷониби Украина, ин масъулиятро ба дӯши худ гирад. Макей гуфт, ки бо назардошти шароити воқеӣ шод аст, ки метавонад чунин масъулиятро ба дӯш гирад. Ҳамакнун моҳи маи имсол дар Минск ҳамоиши нахуствазирон ва тирамоҳ нишасти шӯрои сарони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ баргузор мешавад.


Дар нахустин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ дар Маскав баъди рӯйдодҳои Украина ва ҳам тасарруфи минтақаи Қрим аз ҷониби Русия, ширкатдорон изҳори умед карданд, ки Украина аз узвияти СНГ хориҷ намешавад. Ин нукта аз забони котиби иҷроияи ин созмон Сергей Лебедев садо дод.


“Ширкатдорони нишасти имрӯза изҳори қаноатмандӣ карданд, ки ҳайати Украина дар ҳамоиши имрӯза бо салоҳиятҳои пуррааш иштирок ва зери чанд санад имзо гузошт”. Ба гуфтаи Лебедев, мавзӯи Украина дар нишаст сарфи назар нашуд. “Ширкатдорон изҳори умедворӣ карданд, ки вазъи Украина ба зудтарин фурсат ба эътидол меояд ва музокироти ҳамаҷониба ба хотири ҳалли масоили пешорӯи Украина ҳалли худро пайдо хоҳад кард”.


Ба қавли котиби иҷроияи СНГ, “ҳама изҳори умедворӣ карданд, ки бо вуҷуди паёмҳои мухталифе, ки ҳоло аз Киев ба гӯш мерасад, Украина дар ҳайати СНГ боқӣ хоҳад монд. Ин чиз ба манфиати худи Украина, мардум ва ҳам манфиатҳои ин кишвар аст, ки миллионҳо нафар сокин дошта бо давлатҳои дигари СНГ равобити иқтисодиву башариву инсонӣ дорад”.



Пуштибонӣ аз дархости Тоҷикистон

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ рӯзи ҷумъа тарҳи кӯмак ба Тоҷикистонро дар таҳкими марзҳояш бо Афғонистон пазируфтанд. Раҳбари вазорати хориҷаи Белорус, ки кишвараш раҳбарии давраии ин созмони иборат аз ҷумҳуриҳои шӯравии пешинро ба ӯҳда гирифт, дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав рӯзи 4 апрел гуфт:

“Мо бо дархости Тоҷикистон оид ба ироаи кӯмаки мунтазам аз ҷониби кишварҳои ҷомеаи Муштарак-ул-Манофеъ ба хотири таҳкими амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон розӣ шудем. Ин қитъаи марзӣ дар қаламрави кишварҳои ҷомеаи ҳамсуд хатарноктарин нуқта боқӣ мемонад. Имрӯз мо тарҳро пазируфтем ва барои ошноӣ ба раҳбарони кишварҳоямон фиристодем”, гуфт Владимир Макей.

Дар ин ҳамоиш вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов иштирок кард.

СНГ ё ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд ташаккулест иборат аз ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ аст, ки зери назари Русия баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG