Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми терроризм 17 сол ҳукми зиндон гирифт


Додгоҳи шаҳри Ставрополи Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз вай Абдураҳмон Тошматов, узви гурӯҳи «Ҳизбу -ут-таҳрир» ном бурда мешавад бо ҷурми терроризм ба 17 соли зиндон ҳукм кард.

Расонаҳои Русия ба нақл аз Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) рӯзи 3-юми апрел хабар доданд, ки Абдураҳмон Тошматов аз рӯи моддаи 30 ва 205-и кодекси ҷиноии Русия, маҳкум шудааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон барои азми инфиҷор кардани чанд гӯшаи шаҳри Ставропол дар ҷашнҳои моҳи майи соли гузашта гунаҳкор дониста мешавад.

Ин шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҳукми додгоҳ 17 сол бо нигоҳ дошта дар маҳбаси низомаш сахт ва ҷарима ба маблағи 55 000 рубл маҳкум кардаанд. Мақомоти рус гуфтаанд, ки ҳангоми дастгиркунӣ аз манзили зисти ӯ норинҷаки дастӣ, 44 грам моддаи тарканда ва дигар лавозимоти мунфаҷира пайдо кардаанд.

Абдураҳмон Тошматов, соли 2011 бо ҷурми барангехтани кинаву адовати динӣ як сол равонаи зиндон шуда буд. Ҳамчунин моҳи октябри соли 2013 Абдураҳмон Тошматов барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ бо ҳукми додгоҳи Ставропол 3 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.
XS
SM
MD
LG